Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
14 октябри 2019
Натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар 9-моҳи соли 2019.

img

 

     14 октябр ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳа Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” баргузор гардид.

      Дар ҷаласа намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони воҳидҳои сохтории Бонк ва мудирон филиалҳо иштирок доштанд.

        Дар оғози нишаст Раиси Раёсат иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, ҷаласаро ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан маърўзаи муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Муовини Раиси Раёсати БДА «Амонатбонк» Ризвонзода Ф. Қайд, намуданд, ки дар қадами аввал баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 150-адад ё 27%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонида шуданд.

       Дар баробари ин, фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарўзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд.

      Сипас, нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба филиалҳое, ки нақшаҳои худро бо зарар ҷамъбаст намудаанд, супоришҳои мушаххас дода шуда барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ бо мизоҷон аз тарафи муовини Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур карда шуд.

     Ёдовар мешавем, ки тули чор моҳ телефонии боварии БДА «Амонатбонк» бо рақами кӯтоҳи 1885 – 24 соат фаъол буда барои баратаф намудани камбудиҳо ва арзу шикояти мизоҷони бонк, мусоидат мекунад.

     Бояд қайд, намуд ки то имрўз зиёда аз 884 арзу шикотяҳои мизоҷони бонк ба қайд гирифта шуда, мушкилии онҳо саривақт аз тарафи мутахассисони бонк бартараф карда шудааст.


img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019