Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
18 октябри 2019
Оғози ҳафтаи «Рӯзи байналмиллалии амонатҳо» 2019 дар шаҳри Хоруғ.

img

Дирӯз бо ташабусси Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Фонди хазинаҳои  амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) дар филиали №67-и ш.Хоруғ бо иштироки кормандони Амонатбонк, мизоҷони Бонк, нафақахурон, донишҷуён ва толибилмон  чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи байналмиллалии амонатҳо» 2019  баргузор  гардид.


Сараввал мудири филиали №67-и ш. Хоруғ, Хуҷамриев Ҳубайдо ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро табрику таҳният гуфта, суханро ба сардори Идораи амонатҳо пардохтҳо ва коғазҳои қимматнок Ҳакимзода Хушвахт Хол ва намояндаи Фонди хазинаҳои  амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug)  Аваз Ибодов дод.  


Меҳмонон дар масъалаи пешрафти соҳаи иқтисодиёт ва нуфузи  Амонатбонк, ки ягона Бонки давлатӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, суханрони намуда аз иштирокчиён даъват намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Бонк ва аз тамоми хизматрасонию имкониятҳо самаранок истифода намоянд. 


Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии амонатҳо” таҷлил карда мешавад. БДА ҶТ «Амонатбонк»  тасмим гирифт, ки маъракаро дар се филиалҳои Бонк гузаронад, кушодашавии маъракаи мазкур рӯзи  17.10.2019 дар филиали №67-и ш. Хоруғ бо танта гузаронида шуд.


Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур ҳафтаҳои оянда низ дар филиалҳои №17-и н. Ёвон ва №15-и ш.Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.


Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ҷавонон дар ҷомеа  ва ҷалби онҳо ба  пасандоз  мебошад. 


Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён ва ғолибони озмуни расмкашии байни мактаббачагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019