Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
25 октябри 2019
Идомаи «Рўзи байналмиллалии амонатҳо-2019» дар ноҳияи Ёвон.

img

«Дар ҳоле маърифати молиявии аҳолӣ баланд бардошта мешавад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои қарзӣ, падару модарон ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа ба наврасону ҷавонон аз хурдсолӣ роҳҳои харҷи дурусти маблағ омўхта шавад.


Ин тадбир ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, баъди мустақил шудан тарзи нақшаи хароҷоти оиларо дуруст тартиб медиҳанд ва барои таъмини зиндагии шоиста аз сарфи беҳудаи маблағ даст кашанд», таъкид гардид, дар чорабинӣ бахшида ба «Рўзи байналмилалии амонатҳо-2019», ки дар филиали №17-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид.


Ин тадбир, ки бо иқдоми роҳбарияти Бонки мазкур роҳандозӣ шудааст, мутахассисон дар баробари омўзиши афкори наврасону ҷавонон оид ба мафҳумҳои молиявӣ, мафҳумҳои қарз, пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маълумот пешниҳод намуданд.


Хусусан, мафҳуми амонат ва даромаду хароҷоти оиларо хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳия дар доираи як озмун, ки қаблан аз ҷониби «Амонатбонк» эълон гардида буд, дар расмҳо тасвир карданд.    

      

Дар индомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосри бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ аз самти афзалиятноки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ҳисоб меравад.


Ҳамзамон бахшида «Рўзи байналмилалии амонатҳо-2019» ва ҷиҳати ғанӣ гардонидани маърифати молиявии наврасон таҳти унвони «Дирам» бозии таълимии ҷолиб низ баргузор гардид, ки дар он беш аз 180 нафар тарбиятгирандагони кўдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ёвон иштирок намуданд.


Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён ва ғолибони бозии мазкур ва озмуни расмкашӣ тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019