Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
30 октябри 2019
Вохӯрии намояндагони ҲХДТ–и ноҳияи Шоҳмансур бо кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

      Нимаи дуюми имрўз дар БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С оид ба натиҷаи фаъолият дар 9-моҳи соли 2019 пешкаши ҳозирин гардид.

     Иттилоъ дода шуд, ки ташкилоти ибтидоии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2019», иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо (10 майи соли 2019) ва омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

     Аъзоёни ташкилот аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, дар тарғибу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

     Таъкид гардид, ки ҳамасола ташкилоти ибтидоии “Амонат” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” бо теъдоди зиёд обуна мешавад.
Асосан дар ҷаласа чор масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2019, интихоби аъзоёни Раёсати Ташкилоти ибтидоии "Амонат", интихоби Раис, муовин, котиби ташкилоти ибтидоӣ ва интихоби вакилон ба Конфронсияи ХХIХ ҳисоботӣ интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар н. Шоҳмансур баррасӣ гардид.

     Бо итминон гуфта шуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” минбаъд ҳам ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини рушди бомароми тамоми соҳаҳо саҳми назараррас мегузоранд ва барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кӯшиши хамешагӣ менамоянд.
img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019