Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
29 октябри 2019
Чорабинӣ бахшида ба «Рўзи байналмилалии амонатҳо-2019» дар филиалҳои Амонатбонк ҷамъбаст шуд.

img

     Мафҳуми амонат ва даромаду хароҷоти оиларо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода дар доираи як озмун, ки қаблан аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» эълон гардида буд, дар расмҳо тасвир намуданд.

     Ин тадбир, ки бо иқдоми роҳбарияти Бонки мазкур дар доираи «Рўзи байналмилалии амонатҳо-2019» амалӣ карда шуд, дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон нақши калидӣ хоҳад дошт.                

     Зимни ҷамъбасти озмуни макур, ки дар филиали №15-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, пеш аз ҳама роҳҳои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ мавриди туҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки маърифати молиявии аҳолӣ дар сурате баланд бардошта мешавад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои қарзӣ, падару модарон ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа ба наврасону ҷавонон аз хурдсолӣ роҳҳои харҷи дурусти маблағ омўхта шавад.

     Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин мутахассисони бонк бо ташкили суҳбатҳои озод ба иштирокдорон оид ба мафҳумҳои қарз, пасандоз, банақшагирии даромаду хароҷоти оила, чӣ гуна ва дар куҷо нигоҳ доштани маблағ маълумот пешниҳод намуданд.

     Ҳамзамон бахшида «Рўзи байналмилалии амонатҳо-2019» ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон таҳти унвони «Дирам» бозии таълимии ҷолиб низ баргузор гардид, ки дар он сокинони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Турсунзода фаъолона иштирок намуданд.

     Дар охир ба иштирокчиён ва ғолибони бозии «Дирам» ва озмуни расмкашӣ тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019