Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 ноябри 2019
Вохӯрии Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳайати расмии Бонки Ҷаҳонӣ.

img

 

     Имрўз дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқоти Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо ҳайати расмии Бонки Ҷаҳонӣ таҳти рохбарии ҷаноби Тим Де Ваан баргузор гардид.

 

     Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои Лоиҳаи кўмаки техникӣ барои бахши молиявӣ ва татбиқи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми молиявиро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба он ибрози ақида намуданд.


     Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти тағйир ёфтани низоми иқтисоди ягона ба иқтисоди бозорӣ, имрўз зарурият пеш омадааст, ки низоми идоракунии ташкилотҳои молиявию қарзӣ, аз ҷумла БДА ҶТ «Амонатбонк» ба тариқи идоракунии корпоративӣ ба роҳ монда шаванд.

  

     Роҳбарияти Бонк дар иртибот ба чунин пешниҳод иброз намуданд, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷумҳурӣ ягона бонки давлатӣ, ҳамчунин пиёдакунандаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва дар сурати мухолифат накардани чунин тарзи идоракунӣ ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи бонкӣ ва нарасонидани таъсири манфӣ ба фаъолияти Бонк омодааст, ки ҳамкориро дар ин самт бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад.


img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019