Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 ноябри 2019
Конститутсия- Саодатномаи миллат.

img

     Конститутсия номаи бахту иқболи миллати мост, ки озодии ҳар нафар ва фардои боз ҳам зебову дурахшони кишвари биҳиштосои моро   кафолат медиҳад.

     Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо саъю талошҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаву дурандешонаи    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани мо ободу зебо гардида, ҳамчун кишвари демокративу дунявӣ мавриди эътирофи дигар кишварҳои олам қарор гирифт, таъкид гардид дар чорабинии имрўзае, ки бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони дар Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид.

     Дар ҷаласаи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров-сардори Райёсати иттиҳодияи дини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алиев М. сармутахассиси кумитаи мазкур ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк иштирок доштанд.

     Конститутсия номаи бахту иқболи миллати мост, ки озодии ҳар нафар ва фардои боз ҳам зебову дурахшони кишвари биҳиштосои моро кафолат медиҳад.

     Ҳамзамон рафти ҷаласаи идона Консепсияи сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин ва моҳияти он фаҳмонида шуд.

     Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол    рамзи давлатдорӣ ва бахтномаи миллати соҳибтамаддуни мост, ки он барои ҳар шаҳрванди сарбаланди кишвар санади ҷовидонаи тақдирсоз ба ҳисоб рафта, рушди ҳамаи соҳаҳо ва ободии ватани маҳбубамон ба риояи муқаррарнамудаи қонунҳои ин шоҳкитоби миллат вобаста аст.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.11.2019