Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
15 ноябри 2019
Чорабинӣ ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

     Имрўз дар Бонки давлатии амомнатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

      Чорабиниро Раиси бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ С.С ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки тавассути сиёсати бунёдкоронаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсӣ дар кишвар ба эътидол омад ва дар асоси қабул ва татбиқи барномаҳои мукаммал ва ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол,   демократӣ ва   дунявӣ дар арсаи байналхалқӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.


        Ҳамзамон дар рафти чорабини маърўзаи ёрдамчии раиси Раёсат Умарзода З шунида шуд. Иштирокдорон таъкид доштанд, ки Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ба Ватан ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ мебошад.


     Дар хитоб ба мутахассисони ҷавон бонк зикр гардид, ки бояд моҳияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таърихи навини Тоҷикистон муфассал омӯзанд, то бидонанд, ки мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба осонӣ ба даст наовардааст.


      Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасанд ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиашон гардад.


     Дар ин пайвастагӣ иштирокдорон аз солҳои басо мушкили Ватан, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва шуҷоату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз ёдоварӣ намуда, корнамоиҳои Пешвои миллатро барои ҷавонон намунаи ибрат донистанд.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.12.2019