Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
22 ноябри 2019
Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат.

img

     Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар радифи муаррифӣ намудани соҳибихтиёриии Тоҷикистони азиз, боз сокинони кишварро ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ ҳидоят менамояд.

Парчами миллӣ рамзи ватандориву ҳастии миллат ва нишони сарбаландии мардум аст.

Дар арсаи байналмилалӣ низ кишвари моро тавассути Парчам мешиносанд, таъкид гардид дар чорабинии имрўза бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк».

     Дар рафти чорабини кормандони Раёсати БДА «Амонатбонк» иштирок намуда, дар оғози чорабини ёрдамчии Раиси Раёсат Завқиддин Умарзода атрофи таърих, мафҳум ва рангҳои Парчами давлатӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Чанд сол инҷониб, ки сокинони кишвар Рўзи Парчами миллиро дар фазои осудаи Ватан бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

     Рӯзи Парчам риштаи меҳри наслро бо асл пайвастаст.

Парчами давлатӣ ифтихорӣ миллӣ буда, ҳар сокини кишварро ба бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон сардори Идораи ҳуқуқи Раёсат, Шоира Маҷиддиён дар мавриди истифода дурусти Парчами давлатӣ маъруза пешниҳод карданд.

     Парчами давлатии Тоҷикистони азиз, ки   риштаи меҳри наслро бо асл пайваст, ҳамчун муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёриро таҷассум менамояд.

Инчунин, Парчами миллӣ шиносномаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.



img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.12.2019