Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
27 декабри 2019
Дипломи дараҷаи 1 ба БДА ҶТ «Амонатбонк» тақдим карда шуд.

img

         

     Имрўз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ба Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Дипломи дараҷаи 1 ва “Ифтихорнома”-и Маҷлиси намояндагонро аз номи Раиси ин мақоми олии қонунбарор Шукурҷон Зуҳуров тақдим намуд.

     Зимни баромади хеш дар назди ҳозирин Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки мутобиқи нақшаи корӣ Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли равон тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5) ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бештари бонувон дар кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин ба муносибати 20—солагии Фармони мазкур нахустозмуни байнисоҳавиро эълон намояд.

     Озмуни мазкур бо манзури рӯнамо намудани хидматҳои арҷманду бебадали Садри Олии кишвар, ки сабки модарнавозиву бонупарвариро ба ҳамагон илқо менамоянд, анҷом пазируфта, тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахшҳои хидматрасониро фаро гирифт.

     Дар ин давра дар асоси талаботи озмун ҷадвали исму насаби бонувон, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ (вазорату идораҳо, мақомоти иҷроия, суд, бонкҳо) фаъолияти пурсамар доранд, дастрас гардида, мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумори хизматчиёни давлатӣ ва фаъол зиёданд бо Диплом ва армуғонҳои самбулӣ қадрдонї шуданд.

     Бонки давлатии амомонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки дар он 1150 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд, бо ишғоли ҷойи аввал сазори Дипломи дараҷаи 1-и ин озмун гардид.


img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.12.2019