Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 январи 2020
Натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли 2020.

img

  

Ҷаласаи солона дар бинои асосии Раёсати БДА ЧТ “Амонатбонк” баргузор гардид. 

Дар ҷаласа Раиси Раёсат Икромӣ С.С. ва намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии Точикистон ва мудирону муҳосибони тамоми филиалхои бонк иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат аз дастовардои соли 2019 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки соли сипаригардида дар таърихи «Амонатбонк» ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт шуд. Аз ҷумла ба истифода додани бинои наву замонавии дастгоҳи марказии Бонк, вохўрӣ ва суҳбати самимии Пешвои муаззами миллат бо кормандони «Амонатбонк», ки дар таърихи фаъолияти тўлонии Бонк бори аввал аст, ин хотироти фаромушнашаванда барои ҳар як корманди Бонк мебошад.

         Инчунин, дар ин сол «Амонатбонк» дар асоси Карори ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз андозсупорандаи беҳтарин дониста шуд.

       Аз ҳисоби ҷалби бештари бонувон ба кор бошад, аз рўи натиҷаи ҷамъбасти озмуни байнисоҳавӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва “Ифтихорнома”-и Маҷлиси намояндагон сарфароз гардид.

        Инчунин, дар ин сол Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» бо назардошти хизматрасониҳои муосири бонкӣ, сазовори ҷоизаи тиллоии «Бренди сол -2019» дар бахши бонкдорӣ гардид.

Ба санаи 31 декабри соли 2019 дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,7 млрд. сомониро ташкил додааст. Сармояи Бонк бошад, 8,1% афзоиш ёфта, ба 428,8 млн. сомонӣ баробар шудааст.

      Даромади софи Бонк дар ин давра 42 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2018  16,2% зиёд мебошад.

       Бояд қайд намуд, ки «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар соли ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 80,6 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2018   28,6 млн. сомонӣ ва ё 55% зиёд мебошад.                                  

          Дар соли 2019 Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба наздики 40 ҳазор муштарӣ 675,3 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 73% зиёд мебошад.         

          Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар «Амонатбонк» ба санаи 31 декабри соли 2019 маблағи 3,4 млрд. сомониро ташкил дод ва Бонк аз рўи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.

       Дар соли ҳисоботӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки муайяннамудаи Бонк барои соли 2019, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 150 адад ё 27%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кўчонида шуданд, ки ин ба самаранокии фаъолият ва барои фароҳам овардани шароити мусоид барои мизоҷон асос гузошт.

Дар баробари ин, фаъолияти 12 адад хазинаҳои шабонарўзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шуд.    

       Инчунин, ба хотири беҳтарнамоии шароити кору хизматрасонӣ 11 бинои кории замонавӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳалӣ ва дастгирии Раёсати Бонк бунёд гардида, 200 бинои марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019  284 нафар корманд дар «Амонатбонк» ба кор ќабул карда шуд, ки зиёда аз 60%-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати имрўза дар «Амонатбонк» 1166 нафар занон фаъолият доранд, ки 42%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медињанд.

    Ҷаласаи мазкур аз ду қисмат иборат буд ва дар қисмати дуюм мутахассисони «Амонатбонк» ҳар як бахшро дар алоҳидагӣ тавассути слайдшо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.


img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.12.2019