Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 феврали 2020
Нишасти матбуотии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз фаъолияти соли 2019.

img

Сӯбҳи имрўз дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2019 бо иштироки васеи рўзноманигорон аз васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.

Сараввал Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли 2019 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Сипас, рўзноманигорон вобаста ба масъалаҳои мавқеи Амонатбонк миёни бонкҳои дохилӣ ва хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва баргардиши ин қарзҳо, арзиши кортҳои пардохтии бонкӣ, мӯҳлати қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо фоизҳои дастрас, маблағҳои ғайринақдии воридшуда тариқи постерминалҳои Бонк дар соли сипаригардида, кӯмакпулиҳо ба ниёзмандон дар як сол, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкии фаъолияти шабонарўзидошта дар пойтахт ва ҷалби бештари занон ба кор дар Бонк суолҳо пешниҳод гардиданданд, ки аз ҷониби Раиси Раёсат посухҳои мушаххас дода шуд.

         Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии мазкур Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ,сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Наимӣ, муовинони Раиси Раёсат Фирдавс Зикр, Шаҳло Сайфзода, сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ва беш аз 40 рӯзноманигор ширкат доштанд, инчунин ҳамаи рўзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотии натиҷаҳои молиявии Амонатбонк дар соли 2019,   таъмин карда шуданд.

Раиси Раёсат Икромӣ С.С. аз ҳамаи рўзноманигорон барои ширкат дар нишисти матбуоти сипосгузорӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки танҳо ҳамкориҳо бо ВАО ва Бонк омили пешравиҳо дар кор ва рафъи камбудиҳо дар ҳама соҳа хоҳад буд.

         Дар хотима, ҳамаи меҳмонон аз Осорхонаи Амонатбонк дидан намуда, якҷо бо Роҳбарияти Бонк акси хотиравӣ гирифтанд.


img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк