Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
08 феврали 2020
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе.

img

   Нимаи дуюми рўзи 08.02.2020 дар бинои асосии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.


   Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод гардид.


   Шумораи МХБ-и филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”дар шаҳри Душанбе ба санаи 31.01.2019с.- 56 адад ё 10 %-и МХБ-и Амонатбонкро ташкил медиҳад.


   Дар соли гузашта бобати иҷрои саривақтии иҷрои амалиётҳои бонкӣ, бартараф намудани тамбашавии мизоҷон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ҳамаи марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои шаҳри Душанбе пурра бо компютер ва таҷҳизоти муосири бонки таъмин гардиданд.


   Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонки дар манитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

   Дар Паёми навбатии худ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба масъалаи ҷалби бештари бонувон дар Амонатбонк дастуру супориш доданд. Бо мақсади амали намудани дастуру супоришхои Роҳбари давлат дар зерсохторхои БДА ҶТ “Амонатбонк”   шумораи занону духтарон дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ 65 нафар ё 45% буда, 24%-и шумораи умумии занҳои МХБ-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта (14%) зиёд мебошад.


   Дар ҷаласа Раиси Раёсат барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасони, муносибат бо мизоҷон, риояи давомоти корӣ, иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятӣ ва ғайра супориш доданд.


  Инчунин роҳбарияти Амонатбонк барои пешравии кор ва ҳавасманд намудани кормандони бонк пешниҳод намуданд, ки соли 2020 дар миқёси кишвар озмуни “Беҳтарин МХБ сол” баргузор карда шавад.   


img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 02.06.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк