Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
26 июни 2020
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

img

Бо самимияти бепоён фаро расидани ҷашни мубораку хуҷастаи Ваҳдати миллиро  ба Шумо муборакбод мегўям. Бигзор дар зиндагӣ сиҳатии бардавом, муваффаќиятҳои беназир, иқболи баланд, рўзгори саршори шодиву фараҳ ва саодатмандӣ ҳамеша насибатон гардад.
Равшан аст, ки  пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тақдир ба сокинони Тоҷикистони азиз сарвареро дод ва ин фарзонафарзанди миллат дар ҳақиқат Пешво ва раҳнамои мардум гардиданд.  Бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва инак 23 сол аст, ки бўстони Ваҳдати миллӣ фазои Тоҷикистони азизро муаттар менамояд. Бигзор зебоии юсуфистони иқболи сокинон ва таровати бўстони Ваҳдати миллӣ дар Ватани биҳиштосои мо ҷовидона бошад.
Ҷашни эҳёбахши Ваҳдати миллӣ, ки ин бахти саодатофар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат насиби мо шуд,  дар таърихи миллат бо хатти зарин сабт гардидааст. Инак, 23 сол аст, ки  фазои зиндагии мо аз накҳати пояндаву ҷовидонаи гулистони ҳамешасабзи Ваҳдати миллӣ муаттар  гардидааст. Сокинони кишвар хуб медонанд, ки муқаддастарин рукни устувории бақои давлат Ваҳдат аст. Аз ин рў, ҳифзи ин неъмати тақдирро вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии худ мешуморанд.
Бо камоли меҳру самимият ва эҳтироми  бепоён  23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро ба Шумо муборак бод  мегўям.

   Бо эҳтиром, Раиси
Раёсати  БДА ҶТ «Амонатбонк»             Сироҷиддин Икромӣ






Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк