Ҷаласа вобаста ба моҳияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

12 май 2023
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандони Бонк оид ба муқовимат ба коррупсия ва фаҳмонидани моҳияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, роҳҳои тартиб додан ва иҷрои нақша-чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Бонк, филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душнабе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор гардид.

Нахуст ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати Бонк Юсупов Б.Г. дар бораи моҳияти Стратегияи мазкур ба ҳозирин маълумоти мухтасар дода қайд карданд, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия ин пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолї ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ паст намудани шиддати коррупсия дар Бонк буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Ҳамзамон қайд гардид, ки воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия, ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони Бонк, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия ва баланд бардоштани фаъолнокии кормандон ҷиҳати мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми баромад Юсупов Б.Г. оид ба тартиби дуруст ва иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар Бонк ба ҳозирин маълумот дода, барои иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур таъкид ба амал оварданд.

Whatsapp Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк