Амонатбонк бонки низомсоз дониста шуд

23 январи 2023
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, №7, мутобиқи банди 16-и “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд, ки БДА ҶТ "Амонатбонк" дар сархати 1-уми руйхат қарор дорад.
                                                                
Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ  таҳия мегардад.

Амонатбонк кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда низ бо фаъолияти созандаи хеш ҳамчун бонкӣ давлатӣ ва низомсоз, барои татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат саҳми бевоситаи хешро гузошта бошад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк