Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли 2022

22 июли 2022

Санаи 22-юми июли соли 2022 тибқи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар оғози нишаст Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар нимсолаи якуми соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуда, иброз доштанд, ки Амонатбонк дар нимсолаи аввали соли 2022 ба зиёда аз 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 783 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи наздики 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.

Сипас оид ба ҳаҷми дороиҳо, сатҳи пардохтпазирӣ, сармоя ва фоидаи софи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2022 ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид.

Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, Бонк 679 нуқтаҳои қабули маблағҳои коммуналӣ ва 364 нуқтаҳои қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 738 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.   

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маросими савгандёдкунӣ ва паёми солона, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор муштарӣ 885,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми қарздиҳӣ 33,8% зиёд гардидааст.

Ҳамзамон оид ба ҳамкории дуҷонибаи Амонатбонк бо бонкҳои хориҷи кишвар, қарзҳои имтиёзноки Бонк, қарзҳои ипотекӣ барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, “Интернетбонк”, фаъолияти назарраси маркази тамоси Бонк ва ғайра маълумот манзур карда шуд.

Баъд аз ҳисоботи Раиси Раёсат аз ҷониби рўзноманигорон вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳо пешниҳод гардида ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк