15 - март Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

15 марти 2024

Санаи 13 марти соли ҷорӣ бо донишҷўёни ихтисосҳои “Иқтисоди ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ”-и Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии омўзишӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони КВД БА ЧТ “Амонатбонк”, - Зайниддинов А. Н. - мутахассиси Идораи методология ва бозомўзии кормандон, Буриев У. Н. - сардори Шуъбаи маркетинг ва Анушервон Исрофилиён - ҳуқуқшиноси пешбари Идораи ҳуқуқ бо рўнамоӣ баромад намуда, иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола 15 март «Рўзи умумиҷаҳнии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро бо баргузории силсила чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамояд.

Баромадкунандагон ба ҳозирин маълумот доданд, ки мизоҷони бонк метавонанд ҳангоми сар задани мушкилӣ ва ё пайдо шудани баҳсу мунозираҳо ба шуъбаи кор бо мизоҷон, Маркази тамоси Бонк 1885 (Call centre) занг зананд, ба муроҷиати хаттӣ ба унвонии роҳбари ташкилот ариза нависанд, ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии БМТ - ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар самти хизматрасониҳои молиявӣ ба ҳисоб муроҷиат намоянд, дар рўзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбари аввали ташкилоти қарзӣ ба Бонк ташриф оранд, дар ҳолати ҳал нагардидани баҳсҳо тариқи ғайрисудӣ, мизоҷон ҳуқуқ доранд тариқи Судӣ баҳсу мунозираҳои худро ҳал намоянд.

Дар раванди чорабинии омўзишӣ аз ҷониби донишҷўён саволҳои зиёд дода шуд, ки баромадкунандагон ба онҳо мушахассан ва пурра посух доданд.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк