Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Муъминобод

23 апрели 2024

Санаи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва занону бонувони фаъоли ноҳия ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо рӯнамо дар мавзӯи “Замима барномаи мобилии “Амонат-мобайл”” ва “Кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, «Интернет-банкинг», пешниҳоди қарз, намуди пасандозҳои бонкӣ ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Дар идома миёни иштирокдорони ҳамоиш ва масъулини Бонк вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ҳамзамон ба хотири ҳавасманд намудани иштирокдорони ҳамоиш ба онҳо туҳфаҳои хотирмон бо рамзи Амонатбонк тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк