Хабарҳо
Таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ дар Амонатбонк Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдории давлат аст.
Санаи 06-уми сентябри соли ҷорӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар дастгоҳи марказии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид
Иштироки Амонатбонк дар Рӯзи “Дарҳои боз”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи 04-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзии кишвар, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, рӯзи “Дарҳои боз” доир гардид.
Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”
Санаи 05-уми августи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2025-ум баргузор гардид.
Семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ».
Тибқи ҳамкориҳои тарафайни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони департаменту идораҳо, роҳбарон ва масъулони филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» баргузор карда шуд.
Саннаи 16.07.2025 ҳуқуқшиноси асосии идораи ҳуқуқи КВД БА ҶТ
"Амонатбонк" Бахтиёр Юсупов дар барномаи Гуфтугӯи радиои Ховар дар мавҷи 101.5 FM иштирок намуда, оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти мушаххас
пешкаши шунавандагон намуд.