Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар Бухоро.
20 май 2022
Санаи 15 то 18 майи соли ҷорӣ Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) таҳти раисии Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ўзбекистон дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати кории Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ беш аз шаш масъалаҳои муҳим дар самти бонкдорӣ ва сармоягузорӣ байни бонкҳои аъзои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар рафти Ҷаласаи ҳамоҳангсозон Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба дастгирӣ ва рушд додани ҳамкориҳои дохилиминтақавии иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ дар давраи пас аз пандемия ва Принсипҳои нави чаҳорчўбаи ҳамкории молиявӣ ва ҳамкорӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ аз ҷониби бонкҳои аъзои Иттиҳод ба дигар бонкҳо, муассисаҳои молиявии кишварҳои нозир ва бонкҳои шарики Иттиҳод парафгирӣ карда шуд, ки ҳуҷҷатҳои мазкур дар рафти баргузории Ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ ба имзо хоҳанд расид.

23 май 2022
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар вилояти Суғд
17 май 2022
Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Амонатбонк дар шаҳри Душанбе.