Ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони Иттиҳоди байнибонкии СҲШ
Санаҳои 17 ва 18 майи соли 2021 бо ташаббуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷаласаи коршиносон ва ҳамоҳангсозони ИББ СҲШ қисман тариқи ҳузурӣ ва қисман маҷозӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои мазкур ҳайатҳо аз ҷониби Корпоратсияи давлатии рушди ВЭБ. РФ, Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон, РСК «Банк» - Қирғизистон ва Бонки Рушди Қазоқистон ҳузур доштанд. Дар ҷаласаи мазкур гуруҳҳои кории Бонки давлатии рушди Хитой, Ҳабиб Бонки Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Корпоратсияи давлатии молиявию инфрасохтории Ҷумҳурии Ҳиндустон низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Ризвонзода Фирдавс Зикр суханронӣ намуданд.
Муҳтарам Ризвонзода Ф.З. дар баромади худ қайд намуданд, ки ИББ СҲШ саҳнаи муҳими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба шумор рафта, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати барқарор кардани вазъи иқтисодиёти кишварҳои аъзо якҷоя талош вазранд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Амонатбонк омодааст бо шарикони рушд дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориро густариш дода, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои дарпешистода чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар кори ҷаласаи мазкур ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» барои муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои зеринро пешкаш намуд:
1. Васеъ намудани ҳамкориҳо бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ;
2. Ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявие, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ ва дар минтақаи Осиё фаъолият менамоянд;
3. Муҳокимаи қабули Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026);
4. Ҳамкориҳои сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ;
5. Ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон;
6. Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ.
Масъалаҳои асосии ҷаласа, ин пеш аз ҳама дар таҳрири нав қабул намудани Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлат (2022-2026) ва Ҳамоҳангсозии санаҳои баргузории ҷаласаи Шўрои ИББ СҲШ ба шумор меравад.