Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолият
Санаи 6-уми сентябри солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни таърихӣ, Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сайфзода Ш.Ҷ., сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Раёсати Бонк инчунин меҳмони даъватгардида ходими намоёни давлатӣ мӯҳтарам Мусоева Р.Ғ. баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. кули кормандони БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дар симои онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Қайд гардид, ки си сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне Истиқлоли давлатӣ мушарраф гардид. Маҳз ба шарофати ин ҳадяи тақдир, кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа аст. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30-соли Истиқлолият, ки бо шарофати хиради азалии фарзандони фарзонаи тоҷик, махсусан азму иродаи қавї ва заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ин нигоњ доштани фазои орому осуда дар кишвар мебошад.
Мӯҳтарам Икромӣ С.С. аз фаъолияти назараси Амонатбонк низ ҳамчун бонки давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” дар тули 30 соли даврони соњибистиќлолї љињати дастрасу ќуллай гардонидани хизматрасонињои бонкї ва пешнињоди босифату сариваќтии он кўшишї хамешагї намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми кишварро соњиб гардида, њамчун бонкї мардумї шинохта шудааст.
Дар рафти чорабинӣ ходими намоёни давлативу сиёсӣ мӯҳтарам Рафиқа Мусоева, ки худ иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии ватани азизамон ҳамсафи Пешвои муаззами миллат буданд, аз рафти чигуна ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва корнамоиҳои бевоситаи фарзонафарзанди миллат Роҳбарияти олии кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Қайд гардид, ки маҳз бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем Истиқлоли давлатиро ба даст оварда Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад. Имрӯз аз баракати Истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.
Мӯҳтарам Рафиқа Мусоева дар охири маърӯзаи хеш иброз доштанд, ки мо бояд ба қадри заҳматҳои фидокоронаи Роҳбарияти олии кишвар расида бошем, шукронаи обдиву осоиштагии ватан карда бошем, зеро ин ҳама неъмати бебаҳо сулҳ суббот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.
Моро месазад шукргузор аз ин ободиву осоиштагӣ кунем ва ба қадри ҳама талошҳои Роҳбарияти олии кишвар расида бошем.
Раиси Шӯрои занони Амонатбонк Раҳимзода Ш.Д. низ бо маърӯзаи хеш баромад намуда, аз моҳият ва аҳамияти ҷашни таърихӣ ва фархунда, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки имрӯз тавваҷуҳи давлат ва ҳукумати кишвар алалхусус Роҳбарияти олии кишвар вобаста ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занону бонувон дар ҷомеа хеле зиёд равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирї ва эътимоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат, шумораи занон дар Амонатбонк дар ќиёс ба солњои аввали соњибистиќлолї зиёда аз 3 маротиба афзуда, ба 1279 нафар расидааст, ки 43%-и шумораи умумии кормандонро дар соња ташкил мекунад.
Аз ҷониби аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонк дар васфи Истиқлоли ватан шеърҳои пурмазмун ва пурмӯҳтаво қироат гардида ба чорабинӣ шаҳомати хоса зам намуд.
Дар охири чорабинии тантанавӣ аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва як қатор кормандони Раёсати Бонк бо ифтихорнома ва сипосномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи фаъолияти Амонатбонк, иштироки фаъолона дар корњои љамъиятї, тарбияи кадрњои љавон ва тарѓибу татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.