Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”

03 май 2024

Санаи 03-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Маркази намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” (Dushanbe Expo Center), намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур дар баробари ташкилотҳои қарзии кишвар, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва хориҷӣ молу маҳсулоти истеҳсолии худро ба маъраз гузоштанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ дастовардҳои соҳавӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳои хешро ба иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ намуд.

Ташкил ва баргузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳакории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.

Намоишгоҳи мазкур аз санаи 03-ум то 05 -уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, шаҳрвандони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк