Истиқбол аз ҷашни Наврӯз дар Амонатбонк

21 марти 2024

Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки Роҳбарияти Бонк, сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик Абдуллои Раҳнамо ва аҳли кормандони Бонк баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Салимзода А.А. аҳли кормандони Бонкро бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният намуда аз аҳамият ва ҷойгоҳи хоси ин ҷашни куҳани таърихӣ ёдовар шуданд.

Қайд гардид, ки беш аз шаш ҳазор сол аст, ки шамъи Наврўз ба олами зеҳни миллати мо зиё мебахшад ва ин ҷашн бо фаъолияти созандаи мардум, эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ ва ҳаёти маданию фарҳангии миллати куҳанбунёди мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар идома сиёсатшинос, муҳаққиқ ва шоири тоҷик Абдуллои Раҳнамо ба сухан баромада иброз доштанд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуда 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Ба иди байналмилалӣ пазируфта шудани Наврўзи оламафрўз таваҷҷуҳи оламиёнро боз ҳам ба асли вуҷуди тоҷикон, ба марзу бум, ба таърих ва забон, ба ҳунар ва ойини миллати мо ҷалб кард.

Дар охири чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ саршор аз суруду таронаҳои дилнишин дар васфи баҳору Наврӯз пешкаши ҳозирин карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк