Хабарҳо
Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк”
Санаи 13-уми июли солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.
Натиҷаи фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нимсолаи аввали соли 2022
Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Сайфзода Ш. Ҷ., Ризвонзода Ф.З., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии БДА ҶТ “Амонатбонк” ва мудирони филиалҳои Бонк аз натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи аввали соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо Директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана.
Санаи 07 июли соли 2022, дар ҳошияи баргузории 26-умин Конгресси умумиҷаҳонӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С., бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана ҷаноби Питер Зимонс оид ба густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана , ҳамчунин бонкҳои аъзои Институт мулоқоти дуҷониба баргузор намуданд.
Иштирок ва суханрони дар кори 26-умин Конгреси умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузори ва чакана.
Санаи 7 июли соли ҷорӣ, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар корӣ 26-умин Конгресси умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана иштирок карда, дар мавзӯи “Нақши филиалҳои бонк дар давраи рақамикунонӣ” суханрони намуданд.