Хабарҳо
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Кормандони филиали №62-и ноҳияи Темурмалики КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
Боз як бинои хуштарҳу замонавӣ барои кормандони Амонатбонк бо тамоми шароитҳои муосир ки барои кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст ба истифода дода шуд. Бинои нави филиали рақами 62-и "Амонатбонк" дар ноҳияи Темурмалик мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз 26 нафар кормандон шароити муосири кору фаъолият муҳайё гардидааст.
Кормандони филиали №16-и ноҳияи Файзободи КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
Бинои тозатаҷдиди филиали №16-и КВД БА ҶТ «Амонатбонк » дар ноҳияи Файзобод дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба истиқболи 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои нави филиали рақами 16-и "Амонатбонк" дар ноҳияи Файзобод мутобиқ ба талаботи замони имрӯз навсозӣ карда шуда, дар ин ҷо барои зиёда аз 40 нафар кормандон, ки аксарашонро бонувон ташкил медиҳанд, шароити муосири кору фаъолият муҳайё гардидааст.
Маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк”
Санаи 13-уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонк Икромӣ С.С., ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода, директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов маросими ҷоизасупорӣ ба футболбозони “Амонатбонк” сурат гирифт.
Таҷлил аз 29-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар “Амонатбонк”.
Бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., номзади илмҳои таърих, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузори ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва ҳайати кормандони Бонк доир гардид.