01.09.2016

 Қурби асъори хориҷӣ


Харид

Фурӯш

БМТ


7.89

7.91

7.8695

8.72

8.74

8.7926


0.1195

0.1205

0.1185

      Бо кортҳои Бонкӣ

7.87
_
Барномаи мобилӣ
 (Суроғаи банкоматҳо )
 

Хабарҳо

 

31.08.2016 БА ТАВАҶҶӮҲИ МИЗОҶОНИ АМОНАТБОНК

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар якҷоягӣ бо низоми интиқолии «Юнистрим» барои шаҳрвандоне, ки ба интиқолу қабули маблағҳо аз хориҷу дохили кишвар машғуланд, иқдоми наҷиберо пешниҳод намудааст. 

Оғоз аз 1 сентябр то 1 декабри соли равон нафаре, ки тариқи низоми интиқолии «Юнистрим» интиқолу қабули маблағҳоро анҷом медиҳад ва дар ин муддат маблағҳои интиқолшудааш ҳаҷми муайянеро дар бар гирифтааст пас аз ҷамъбасти озмун сазовори туҳфаи арзанда аз Амонатбонк ва Юнистрим мегардад. 

Туҳфаҳои хотирмон аз қабили Смартфон ва Планшет соҳибони ҳақиқии худро интизоранд. Аз рӯи ҷамъбасти ҳар 15 рӯз барои нозирони интиқол ва ҳар моҳа барои мизоҷони фаъоле, ки аз ин хизматрасонӣ истифода мебаранд, ин тӯҳфаҳо ба арзандатарин иштирокчиёни Амонатбонк ва «Юнистрим», ки маблағи муайянро интиқол медиҳанд ё дастрас менамоянд, насиб мегарданд.

26.08.2016 Ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкии №477-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Бохтар

Дар арафаи љашни муќаддастарини миллї, 25-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва дар  њошияи сафари кории Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањри Ќурѓонтеппа бо ташаббуси Роњбарияти Бонк  дар њудуди Донишкадаи энергетикии Тољикистон дар ноњияи Бохтар, маркази хизматрасонии бонкии №477-и БДА ЉТ «Амонатбонк» дари худро барои муштариён боз намуд.

23.08.2016 Ифтитоҳи бинои тозабунёди филиали Амонатбонк дар ноҳияи Хуросон.

Бахшида ба истиқболи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.08.2016 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк», Роҳбарияти Вилояти Хатлон, бинои филиали Амонатбонк дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ гардид. Бинои ба тарзи замонавӣ ва муосир бунёд шуда аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бинои филиал дар фазои идона ва омодагиҳои ҷиддии Роҳбарияти Амонатбонк ва ноҳияи Хуросон ифтитоҳ гардид.

08.08.2016 Вохӯрии кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Cубҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 вохӯрии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Роҳбарияти Раёсати Бонк, сардорони воҳидҳои сохтории Бонк, сарварони филиалҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ва намояндагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

26.07.2016 Волоияти қонун – оромии ҷомеа

Бо ибтикори Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода дар толори маҷлисгоҳи калони Раёсати Бонк бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Бонк ва мудирони филиалҳои шаҳрии Бонк ҷаласа баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ва иҷроиши он дар ҷомеи шаҳрвандиро дар бар мегирифт.


Новости 1 - 5 из 269
Начало | Пред. | 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 | След. | Конец Все