Ҷавонон ояндаи давлату миллат!
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 23-юми май ҳамчун рузи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ., муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012 Мавзуна Чориева ва аҳли кормандони Амонатбонк баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси Раёсати Бонк Сайфзода Ш.Ҷ. тамоми ҷавонони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният намуда қайд карданд, ки имрўзҳо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва қавиирода дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа, фаъолона кору пайкори созанда дошта аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар пайваста мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доранд. Ҳамин буд, ки санаи 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Пайёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро дар кишвар ҳамчун Соли ҷавонон эълон намуданд.
Воқеан ҳам аксар аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза низ зимни баромади хеш қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони мо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми назаррас дошта варзишгарони тоҷик ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ давлату миллати хешро ба таври шосита муаррифӣ менамоянд
Намунаи ин гуфтаҳо яке аз варзишгари мувафақ барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон 2012, инчунин ҷоизадорӣ чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Мавзуна Чориева мебошад, ки дар баробари парчамбардори ватан будан дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва машғул шудани онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш саҳмгузор аст.
Ҷавонони фаъоли Амонтабонк низ бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ баромад намуда дар васфи ҷавонӣ шеърҳои пурмазмун қироат намуданд.
Дар охири чорабинӣ як зумра ҷавонони Амонатбонк ба хотири фаъолияти созанда ва намунавӣ бо Ифтихорнома ва Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҷавонони фаъоли Амонатбонк ба хотири иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.