Муҳлати қабул ва пардохти Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтўда» -и барҳамдодашуда то санаи 31 декабри соли 2025 тамдид карда шуд.
09 апрел 2024
Саҳмияҳои ҶСШК «Сангтўда»-и барҳамдодашуда дар филиалҳои Амонатбонк, ба шахсони воқеӣ бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бо арзиши дар шартҳои барориши саҳмияҳои «ҶСШК Сангтўда»-и барҳамдодашуда нишон дода шуда ба андозаи 10 доллари ИМА, бо пули миллӣ, бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи қабул, пардохт карда мешаванд.