ХУДОЁРЗОДА ХУДОЁР БАХТИЁР


Муовини якуми Раиси КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Худоёрзода Худоёр Бахтиёр 01 июли соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Таҳсилот:
Соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рўзона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст

Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 2010-2012- мутахассиси дараҷаи 2 шуъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2015-мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2016-мутахассиси пешбари шуъбаи бозрасии дуввуми Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2018-сарбозраси Идораи назорати ташкилотҳои маблағгузории хурди Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019-сармутахассиси Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2021-мудири бахши Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2021-2022-муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2022-2025-сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 24-уми январи соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таъйин гардидааст.

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Донистани забонҳо: русӣ, англисӣ бо луғат
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.





Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк