Кафолати бонкӣ

Кафолати бонкӣ – ин кафолатест, ки аз тарафи КВД БА ҶТ "Амонатбонк" барои иштирок дар харидҳои тендерӣ ва иҷроиши қарордод дар бланкҳои махсус бо таври хаттӣ ба ҷониби дархосткунандагон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳаққи хизматрасонӣ барои гирифтани кафолатҳои бонкӣ дар шакли зайл пешбинӣ гардидааст:

2% аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ;

1%  аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ.

Кафолатҳои бонкӣ бебозгашт буда, ки ин маънои онро дорад, ки кафил наметавонад шартҳои кафолатро тағйир диҳад ё дар ҳолатҳои зерин кафолат додани пардохт ба бенефитсиар даст кашад:

даст кашидани ғолиб аз бастани шартнома;

напардохтани ҷарима (ҷаримаҳо барои иҷрои шартнома);

сифати пасти иҷрои шартнома.

Дар КВД БА ҶТ "Амонатбонк" се намуди хизматрасонии кафолати бонкӣ ба роҳ монда шудааст:

кафолати бонкӣ - барои таъмини тендер барои иштирок истифода мешавад;

кафолати иҷрои шартнома - барои иҷрои шартнома истифода мешавад;

кафолати иҷрои босифати ӯҳдадориҳо - барои тасдиқи сифати мол ва кор дар давраи кафолат истифода мешавад.

Барои гирифтани кафолатҳои бонкӣ шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ метавонад дар сурати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ дар филиалҳо ва Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" бо мактуб бо нишондодани ҳатмии навъ, ҳаҷм, мӯҳлати кафолат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд. 


Соҳибкорони инфиродӣ:

Ариза барои гирифтани кафолати бонкӣ;

Нақшаи тиҷоратӣ;

Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон;

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

Бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунандаи таъминоти гарав таҳти кафолати бонкӣ (шиносномаи техникии объект, шаҳодатнома дар бораи қонунӣ гардонии молу мулк, маълумотнома аз мақомоти андоз оиди уҳдадори надоштани он ва ғ.).


Шахсони ҳуқуқӣ:

Ариза ва ё мактуб барои гирифтани кафолати бонкӣ;

Нусхаи оинномаи ташкилот;

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгири давлатии ташкилот ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

Нусхаи мактуби ахборотӣ аз мақомоти андози ҷойи қайд;

Қарори Маҷлиси Муассисон оид ба масъалаи гирифтани кафолати бонкӣ;

Нусхаи фармонҳо дар бораи таъиноти роҳбарони ташкилот;

Иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт;

Нусхаи шиносномаҳои роҳбарони ташкилот;

Тавозуни муҳосибавӣ барои 1 соли охири фаъолияти ташкилот;

Шарҳи пурраи дебеторӣ ва кредитрорӣ;

Ҳисобот дар бораи фоида ва зиён;

Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон.


Аслияти ҳуҷҷат: 

Агар дар шакли тасдиқшудаи ҳуҷҷати кафолатӣ нишонаҳои ҳимоявӣ мувофиқат накунанд, он аслӣ ҳисобида намешавад.

Ҳуҷҷати аслӣ нишонаҳои махсуси ҳимоявиро соҳиб аст.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк