Пардохт тавассути Амонат Мобайл
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 «Оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» бо мақсади васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ хизматрасонии нав, устувор намудани заминаи сармоявии Бонк ва зиёд намудани даромаднокӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои нави даромад аз моҳи марти соли равон барномаи “Амонат – Мобайл”-ро дар Бонк ҷорӣ намуда, айни замон фаъолият карда, дорои чунин хизматрасониҳо мебошад.
-
Пур кардани тавозуни телефонҳои мобилӣ
-
Маблағҳои коммуналӣ аз он ҷумла: ҳаққи истифодаи қувваи барқ, оби ошомиданӣ, хизматрасониҳои шабакаи гармидиҳанда, оби саҳро, ва партовҳо;
-
Интиқоли маблағҳо дар худуди ҷумҳурӣ ва берун аз он;
-
Пур кардани ҳамёни электронӣ;
-
Хизматрасониҳои бонкӣ;
-
Хизматрасониҳои камераҳои мушоҳидавии “Шаҳри бехатар”;
-
Пардохт намудани фоизи қарз ва қарз;
-
Пур намудани суратҳисобҳои пасандозҳои муҳлатноки бо “Пардохти иловагӣ, Кудакона ва танҳо бо пули милли ворид гардидани интиқолҳои фаромарзӣ (бурунмарзӣ) ва дохилӣ”;
-
Хизматрасониҳои алоқа “Интернет ва NGN»;
-
Хизматрасониҳои шабакаҳои телевизион ва радио;
-
Пур кардани тавозуни телефонҳои мобилии операторҳои хориҷӣ;
-
Хизматрасониҳои шабакаҳои иҷтимоӣ.