Хизматрасонии хазинавӣ
“Амонатбонк” ҳамаи намуди хизматрасониҳои хазинавиро пешниҳод менамояд, аз ҷумла:
кушодан ва пешбурдани суратҳисобҳо бо асъори миллӣ ва хориҷӣ барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
интиқоли маблағҳои мизоҷон аз суратҳисобҳои онҳо бо шартҳои “рӯз-ба-рӯз”.
додани маблағи нақд аз суратҳисобҳо.
пешниҳод намудани ахборот оиди гузаронидани амалиётҳо аз рӯи суратҳисоб.
қабул ва ворид намудани маблағи нақд ба суратҳисобҳо.
инкассатсиякунонии маблағҳо ва ирсоли чизҳои қимматбаҳо.
Мо кафолати зуд гузаронидани пардохтҳои Шуморо дар вақти кӯтоҳтарин дар толори амалиётиамон медиҳем. Инчунин мутахассисони хизматрасонии лозимӣ маслиҳати муфидро ба Шумо пешниҳод менамоянд.