Ҳуқуқи мизоҷ

Ҳар як мизоҷи БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳуқуқ дорад, ки оид ба сифати хизматрасонии бонк шикоят/пешниҳодро ба бонк ирсол намояд. Шикоятҳо / пешниҳодҳои Шумо барои рушди минбаъдаи фаъолияти бонк ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ равона карда мешаванд.

Маълумот оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон

Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар Амонатбонк  дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст. Баррасии ҳамаи арзу шикоятҳои мизоҷон дар мӯҳлатҳои муқаррар намудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини Амонатбонк  барраси карда мешавад. Мӯҳлати умумии баррасии арзу шикоятҳо наметавонад аз 30 рӯзи тақвими зиёд бошад. Дар инхусус ба муроҷиаткунанда дар мӯҳлати се рӯзи корӣ хабар расонида мешавад.

Маълумот дар барои тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла мавриди шикоят қарор гирифтани амали(беамалӣ) кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, бо зикри маълумот барои тамос (телефон, суроға, ному насаб) бо шахсони масъули ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба онҳо истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат карда метавонанд.  

Амонатбонк  муроҷиатҳои мизоҷонро (арзу шикоятҳоро) дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ қабул мекунад. 

Ба арзу шикояти хаттӣ дохил мешавад:

  • Арзу шикояте, ки дар намуди қоғазӣ (дастӣ ё электронӣ) ва ҳам ҳангоми қабули шахсӣ ва/ё тавассути почта ворид гардад;
  • Арзу шикоят тавассути почтаи электронии расмии Бонк; 
  • Ҷойгир кардани арзу шикоят дар китоби арзу шикоятҳои воҳидҳои сохтории Бонк;
  • Арзу шикоят дар сомонаи расмии Бонк;
  • Арзу шикоятҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, яъне саҳифаҳои Бонк ё саҳифаҳо, ки ба онҳо Бонк номнавис шудааст.

Ба арзу шикояти шифоҳӣ дохил мешавад:

  • Арзу шикояти телефонӣ ба Маркази тамоси Бонк тариқи занги телефонӣ ба рақами 1885;
  • Ҳангоми қабули роҳбарияти Бонк (Раиси Раёсати Бонк ва директорони филиалҳо);

Бояд қайд кард, ки дар Амонатбонк  сохтори алоҳидаи масъул оид ба муроҷиатҳои (арзу шикоят) мизоҷон “Қисми кор бо арзу шикоятҳо” фаъолият дорад. 


Суроға: 734013, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 105;
Рақами телефон: 1885, +992 44 600 00 34;
Суроғаи электронӣ: info@amonatbonk.tj;


Ташаккур барои  муроҷиат!








    





Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк