Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
Вазифаҳои асосии Идора ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон) ва омодаю пешниҳод намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор мебошад.
Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз руи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои оддӣ ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқати надоранд, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади иҷрои корҳои дар боло дарҷгардида ва амали намудани талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ҷода, “Сиёсати Амонатбонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” бо қарори Раёсат аз 26 июли соли 2022 таҳти №52 қабул гардид.
Кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силои қатли ом дар Амонатбонк тибқи талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» №1950 аз 15.03.2023с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» №722 аз 28.06.2011с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» №524 аз 19.05.2009с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» №964 аз 13.06.2013с.;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» №845 аз 16.11.1999с.;
- Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон;
- Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастурамали №257 «Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ» №85 аз 02.08.2023с.;
- Дастурамали №204 “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқоли аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб» аз 26.12.2013с;
- Дастурамали №247 «Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» №168 аз 19.11.2021с.;
- Тартиби гузаронидаани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба руйхати шахсони алокаманд ба терроризм дохил карда шудаанд;
- Қоидаҳои анҷом додани ахду амалиёти шубҳанок бо минтақаҳои оффшорӣ;
- Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок.
Вазифаҳои асосии Бонк дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом инҳо мебошанд:
· муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар;
· гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз руи усули «Муштарии худро шинос»;
· мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
· ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштари ва амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
· ташкили пойгоҳи маълумоти оид ба шахсоне, ки ба терроризм алоқамандӣ доранд;
· муайянкунии дараҷаи хавфи шустушӯи пул ва мабалғгузории терроризм;
· воқифкунии роҳбарияти бонк;
· ташкили тартиби кирои кормандон;
· ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омузиши кормандон ва гузаронидани семинару омузишҳо ба кормандон;
· коркарди тартиби аудити дохилӣ барои тафтиши чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом.
КВД БА ҶТ «Амонатбонк»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 105
E-mail: info@amonatbonk.tj
+992 44 600 33 00