Ҳамкорӣ бо корти “Мир”
Кортҳои чипдори "Корти Миллӣ" имкон медиҳанд, ки ҷуғрофияи қабули кортҳо васеъ карда шавад. Акнун хизматрасонӣ бо корти "Корти Миллӣ" дар заминаи барномаи MIR (агар дар пушти корт нишони "MIR" мавҷуд бошад) дар шабакаи иштирокчиёни низоми миллии пардохтҳои "MIR" ва шарикони онҳо имконпазир аст. Ин хизматрасонӣ дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, инчунин 10 кишвар: Туркия, Ветнам, Арманистон, Беларуссия, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия амал мекунад. Бо истифода аз Корти милии чипдор Шумо имкон доред, ки маблағи молҳои гуногун ва хизматрасониҳоро пардохт намуда инчунин аз банкомат пул дастрас намоед. Интиқоли маблағ низ ба дилхоҳ нуқтаи кишвар, ки кортҳои мазкур хизматрасонӣ карда мешаванд имконпазир мебошад. Дорандагони кортҳо метавонанд ҳама гуна амалиётҳоро бо истифода аз терминалҳои бонкӣ ё ба таври фосилавӣ - дар интернет, ҳамзамон тавассути замимаи мобилӣ анҷом диҳанд.