Кафолати шартномавӣ

Дар БДА ҶТ “Амонатбонк”  хизматрасонии кафолатҳои бонкии шартномавӣ дар бланкҳои махсус бо таври хаттӣ ба ҷониби дархосткунандагон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудааст, ки он барои иҷрои шартҳои шартномаи уҳдадориҳои байни фармоишгар ва таҳвилгар (пудратчӣ) берун аз харид таъмин менамояд.

Дар заминаи талаботҳои шартномаҳо ва дархостҳои  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани кафолатҳо аз рӯйи характер ва хусусияти шартии шартномаҳои басташуда се намуди кафолатҳои шартномавӣ пешниҳод мегардад:

Кафолати пешакӣ – муштарӣ аз рӯйи шартҳои шартнома ба пудратчӣ маблағи муайянеро пешпардохт менамояд. Агар пудратчӣ шартҳои шартномаро иҷро накунад, бонк пешпардохтро ба муштарӣ бармегардонад ва сипас ҷуброни онро аз пудратчӣ талаб мекунад.

Кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо - кафолати таҳвили мол, хизматрасонӣ, иҷроиши кор вобаста ба шартҳои шартнома ба роҳ монда мешавад. Дар акси ҳол, бонк ба муштарӣ аз рӯйи шартҳои кафолати бонкӣ маблағ пардохт мекунад ва сипас ҷуброни онро аз пудратчӣ талаб мекунад.

Кафолати пардохт - агар фармоишгар (муштарӣ)   барои кори пудратчӣ маблағ надиҳад, бонк маблағи заруриро барои ӯ пардохт мекунад ва сипас аз муштарӣ маблағро талаб мекунад.

Ҳаққи хизматрасонӣ барои гирифтани кафолатҳои шартномавӣ дар шакли зайл пешбинӣ гардидааст:

1% аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бе таъминнокӣ;

05%  аз маблағи умумии дархости кафолати бонкӣ дар ҳолати бо таъминнокӣ.

Барои гирифтани кафолатҳои тендерӣ шахсони ҳуқуқӣ ва ё соҳибкорони инфиродӣ метавонад дар сурати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ дар филиалҳо ва Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо мактуб бо нишондодани ҳатмии навъ, шартҳои шартнома, ҳаҷми маблағ, мӯҳлати кафолат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд: 

Соҳибкорони инфиродӣ:

Ариза барои гирифтани кафолати бонкӣ;

Нақшаи тиҷоратӣ;

Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон;

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;

Бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунандаи таъминоти гарав таҳти кафолати бонкӣ (шиносномаи техникии объект, шаҳодатнома дар бораи қонунӣ гардонии молу мулк, маълумотнома аз мақомоти андоз оиди уҳдадори надоштани он ва ғ.).


Шахсони ҳуқуқӣ:

Ариза ва ё мактуб барои гирифтани кафолати бонкӣ;

Нусхаи оинномаи ташкилот;

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгири давлатии ташкилот ба сифати шахси ҳуқуқӣ;

Нусхаи мактуби ахборотӣ аз мақомоти андози ҷойи қайд;

Қарори Маҷлиси Муассисон оид ба масъалаи гирифтани кафолати бонкӣ;

Нусхаи фармонҳо дар бораи таъиноти роҳбарони ташкилот;

Иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт;

Нусхаи шиносномаҳои роҳбарони ташкилот;

Тавозуни муҳосибавӣ барои 1 соли охири фаъолияти ташкилот;

Шарҳи пурраи дебеторӣ ва кредитрорӣ;

Ҳисобот дар бораи фоида ва зиён;

Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк