РИЗВОНЗОДА ФИРДАВС ЗИКР


Муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» Ризвонзода Фирдавс Зикр 15 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Таҳсилот:
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисосҳои математик ва кори бонкӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1986-1987 - коргари савхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ;
Солҳои 1987-1989 - хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, ш. Томск, Федератсияи Руссия;
Солҳои 1989-1990 - шунавандаи шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
Солҳои 1990-1995 – донишҷўи шуъбаи рўзонаи факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
Солҳои 1997-2002 - муҳандис-барномасози филиали №1341 Бонки амонатгузорӣ дар ноҳияи Фрунзеи (ҳозира Сино) шаҳри Душанбе;
Солҳои 2002-2009 - муҳандиси пешбар, сардори шўъбаи иттилоотии идораи ҳисоббаробаркунӣ, сардори шўъбаи роҳбаладии барномаҳои идораи ҳисоббаробаркунӣ;
Солҳои 2009-2018 - сардори идораи технологияи иттилоотии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк», шаҳри Душанбе;
Солҳои 2018 (06-11) - сардори шуъбаи қарзҳои изофабардошт (овердрафт)-и Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк»;
Солҳои 2018-2019 - муовини директор-сардори идораи кортҳо ва шабакаи терминалии департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк»; 10 апрели соли 2019 - Муовини Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» таъйин гардидааст.

Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
Донистани забонҳо: русӣ.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк