Муроҷиатномаи Раис

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Аз номи Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла мизоҷони Бонк, ки ба Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҳамчун бонки мардумӣ эътимоди зиёд доранд ва ҳамзамон ба шарикони дохилию хориҷии Бонк, дуруду паёми бепоёни хешро мерасонам.

Бо арзи эҳтиром ба Шумо маълум менамоем, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №44 сохтори идоракунии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҷдиди назар карда шуда, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» табдил дода шуд.

Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Амонатбонк яке аз куҳансолтарин бонки ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар гузашта ва имрӯзу фардо ҳам, вазифаи асосии он татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мизоҷон мебошад.


Имрӯзҳо Амонатбонк бо шабакаи васеи худ, яъне 75 филиал, 548 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздики 3000 нафар кормандон, ҳамчун нерӯи пурқувват ва ба мардум наздик, ба мизоҷон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст.

Татбиқи саривақтии ҳадафҳои гузоштаи Бонк тибқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк барои соли 2023 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар 6 моҳи соли 2023 тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гарданд.

Ин аст, ки сатҳи пардохтпазирии Бонк ҳамчун нишондиҳандаи асосии фаъолият муътадил нигоҳ дошта шуда, то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истодааст.

Дар ин раванд, шумораи пасандозгузорони Бонк сол аз сол зиёд шуда, ба зиёда аз 1,9 млн. нафар расидааст.

Дар 6 моҳи соли 2023 даромади Бонк то андозбандӣ 72,1 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 57,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 35,5% зиёд мебошад.

Ҳаҷми сармояи Бонк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1% афзоиш ёфта, ба 783,2 млн. сомонӣ баробар гардид.

Дороиҳои Бонк маблағи 6 583,6 млн. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 5 800,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 30,9% ва 31,2% афзудааст.

Бонк дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмуъ 41,7 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба Буҷети давлат гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8% зиёд мебошад.

Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

Афзоиши сармояи Бонк, фаъолияти пурсамар дар самти ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ва иштирок дар барномаҳои маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки Бонк дар 6 моҳи соли 2023 ба зиёда аз 26 ҳазор муштарӣ 993,4 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми қарздиҳии Бонк 12,2% зиёд гардидааст.

Бонк дар давраи ҳисоботӣ дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 56,2%-и қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.

Боиси қайд аст, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, Бонк дар давраи ҳисоботӣ иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Автоқарз», «Баҳор» ва «Занҳои муваффақ» роҳандозӣ намуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар самти сохтмон ва васеъ гардонидани манзили истиқоматӣ, инчунин имконият барои харидории манзилҳои истиқоматӣ, Амонатбонк «Қарзҳои ипотекӣ»-ро ҷорӣ намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Амонатбонк бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зерқарзӣ дар бораи ҷудо намудани қарз аз ҳисоби маблағҳои Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба “Барномаи баланд бардоштани устуворӣ тавассути хароҷоти фаъоли зиддисиклӣ”-ро аз 4 ноябри соли 2022, №TAJ 56147 ба маблағи 50 млн. сомонӣ ба имзо расонид. Маблағи мазкур барои пешниҳоди маблағҳои қарзии имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёнаи дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияткунанда, инчунин ба соҳибкорони навкор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва занон ҷудо карда шудааст, ки он тавассути Амонатбонк амалӣ гардида истодааст.

Амонатбонк фаъолияти худро дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида истодааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби хатти қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА кушода шуда, ба ширкатҳои ватанӣ дар ҳаҷми 15,6 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Ўзбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.

Ҳамчунин, Амонатбонк бо ҶС «Экспортная страховая компания «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон хати қарзи аккредитивӣ ба маблағи 15,3 млн. доллари ИМА кушодааст.

Амонатбонк аз соли 2008 инҷониб дар Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Дар ин давра Амонатбонк 3 маротиба дар чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла дар соли 2021 ҳамчун бонки раисикунанда баромад намудааст.

Бонк сиёсати қарздиҳии худро аз қабили муҳлат, меъёри фоиз ва ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо таҷдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам овардааст.

Дар марҳилаи кунунӣ пешниҳоди қарзҳои Амонатбонк ба муштариён дар доираи аз 10 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар оянда ҳам, ҷиҳати болоравии эътимоди мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бо роҳи дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва умуман саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар, иқдомҳои қарзии Бонк идома меёбанд.

Ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри вусъат бахшидани корҳо дар самти амалисозии иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар ин замина осон ва шаффоф гардонидани амалиётҳо, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот, Бонк бо роҳи харидорӣ ва насб намудани барномаҳои худкори электронӣ ба раванди автоматикунонии фаъолияти соҳа ва муҷаҳҳазгардонии техникии филиалҳо тақвият дода истодааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, Амонатбонк дар маҷмуъ 850 адад чунин нуқтаҳои қабули пардохтҳоро тавассути постерминалҳо фаъол намудааст. Инфрасохтори мазкур нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкиро дар тамоми ҷумҳурӣ дар бар мегирад.

Илова бар ин, дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ 237 адад ва дар бахши хусусӣ 610 адад постерминалҳо насб карда шуда, шумораи умумии нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки дар онҳо QR-рамз насб шудааст, ба 1 097 адад ва барои шахсони воқеӣ 1 444 адад расид.

Ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, ба миқдори 164 ҳазор адад кортҳои беноми “Фарогир” интишор гардида, ба филиалҳо дастрас карда шуд. Ин иқдом барои боз ҳам зиёд шудани мизоҷони Бонк дар пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши муҳим гузошта истодааст.

Бо мақсади тавсеа ва тақвият бахшидани хизматрасониҳои фосилавӣ дар замимабарномаи “Амонатмобайл” низ имконияти анҷом додани пардохти андозҳо ва хизматрасониҳои коммуналӣ татбиқ шуда, дар ин давра шумораи умумии истифодабарандагони барномаи мобилӣ 384 433 адад ва гардиши маблағҳо 1 303 млн. сомониро ташкил намуд.

Маҳсулоти дигари бонкӣ, ки ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва фаврии мизоҷон такон мебахшад ин Интернетбонкинг барои шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Пайвасткунии бомароми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҳандозӣ шуда, айни ҳол 7 919 адад корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст карда шудаанд.

Маркази протсессингии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ба 24 ташкилоти қарзӣ хизматрасонӣ намуда, ҳамчун маркази ягонаи коркарди транзаксияҳои молиявии кортҳои миллӣ баромад намуда, дар рушд ва пойдории ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ нақши муҳим мебозад.

Бо мақсади таблиғу ташвиқи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишвар, дар саҳифаҳои Бонк дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Телеграм” ва сомонаи расмӣ www.amonatbonk.tj низ, фаъолияти ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла, роликҳои тарғиботӣ оид ба пардохти маблағҳои андоз, пардохти маблағи хизматрасониҳо бо QR-код, пардохти маблағҳои коммуналӣ тавассути барномаи “Амонатмобайл” омода гардида, дар телевизиону радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам пахш шуда истодааст.

Дар баробари ин, фаъолияти 29 адад хазинаҳои бегоҳӣ ва шабона дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва Хоруғ, ки ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзўр карда шудааст.

Ҷиҳати таъмини шаффофият ва дастрасии осони пардохти нафақаи нафақагирони ҷумҳурӣ, дар Бонк тамоми нафақагирони ҷумҳурӣ ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ фаро гирифта шуда, интишор ва дастраснамоии кортҳои нафақавӣ ва смс-паёмакҳо ба онҳо дар Бонк ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки Амонатбонк бо назардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва ҷиҳати саҳми бевосита гузоштан дар татбиқи сиёсати молиявӣ ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2022» сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки тайи чанд соли охир Амонатбонк ҳамчун яке аз ташкилотҳои қарзии низомсоз дар ҷумҳурӣ эътироф карда шудааст.

Дар баробари фаъолияти корӣ, кормандони Амонатбонк дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва тарғиботӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки дар ноҳияи Данғара, Муассисаи давлатии таълимии литсейи №5 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Зафаробод таҷлил карда шуд, аксияи тарғиботӣ баргузор гардида, дар доираи он ба мизоҷони Бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, Бонк дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон, намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2023, Форуми байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи "Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ", фестивали “Саводнокии молиявӣ” ва намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, оид ба қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, кортҳои бонкӣ ва ғайра ба иштирокдорон маълумот ва варақаҳои тарғиботӣ пешниҳод намуд.

Инчунин, бахшида ба ҷашни Рӯзи модар аксияи табрикотӣ-тарғиботӣ ташкил карда шуда, дар доираи он ба як қисм занону бонувон туҳфаҳои брендӣ ва хотирмон тақдим карда шуд.

Кормандони Амонатбонк тарғибгари “Варзиш гарави саломатӣ” буда, тими мунтахаби футболбозони Амонатбонк шомили Лигаи касбӣ шуд.

Бонк ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаи иҷтимоии кормандон, аз ҷумла дастгириии молиявӣ, баланд бардоштани масъалаи ҳавасмандгардонӣ ва сатҳи некуаҳволии кормандон чораҳои ҳамешагӣ меандешад.

Аз ҷумла, аз санаи 1 феврали соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони Бонк баланд бардошта шуд ва ҳар моҳ вобаста ба натиҷаҳои фаъолият, ҳавасмандгардонии кормандон дар шакли мукофотпулӣ баррасӣ карда мешавад.

Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Литсейи касбии махсуси маъюбон, зиёда аз 200 нафар донишҷўён дар Бонк ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ фаро гирифта шуданд. Дар 4 донишгоҳи ҷумҳурӣ утоқҳои алоҳидаи “Бонки таълимӣ” муҷаҳҳаз ва ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва мутобиқ гардидан дар рақобати байнибонкӣ, биноҳои нави ҷашнии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳру ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Рўшон, Ишкошим, Хоруғ, Балҷувон ва Данғара сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Корҳои лоиҳакашию меъморӣ дар бинои филиали Амонатбонк дар шаҳри Роғун, ба анҷом расонида шуда, корҳои сохтомонӣ оғоз гардидаанд.

Дар хотима қайд намуданиям, ки Бонк минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бомуваффақият татбиқ намудани нақшаҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва кам намудани хавфҳои бонкӣ идома медиҳад.

Ман сидқан миннатдории худро ба шарикон ва мизоҷони Бонк барои боварӣ ва дастгириашон иброз намуда, ба идомаи ҳамкориҳои судманд умедворам.

Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”


Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк