Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Спитаменти вилояти Суғд
Дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва муштариёни Бонк чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии Бонк дар мавзуҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, алалхусус хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ, нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт ва ғайра ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба мавзуҳои соҳавӣ суолҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посух гардонда шуд. Ҳамзамон ба кулли иштирокчиёни чорабиниҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.
Боиси зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳаи бонкӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.













