Ҷаласа доир ба ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и Амонатбонк давоми соли 2025 ва доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03 феврал 2026

Санаи 03-юми феврали соли ҷорӣ дар раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” давоми соли 2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У. ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини раиси раёсат Ризвонзода Ф.З. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият давоми соли 2025 ҳисобот дода, зикр намуданд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2025 фаъолияти пурсамар дошта, дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарорҳои Конференсияҳои ҳисоботию интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомониро ба роҳбарӣ гирифта, дар самти баланд бардоштани нуфуз ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа нақша-чорабиниҳо тартиб додааст.

Фаъолияти босамари ташкилоти ҳизбии “Амонат” - ин натиҷаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки аз мо - ҳизбиён масъулияти дучандро талаб намуда, барои боз ҳам беҳтар фаъолият намудан замина гузоштааст.

Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои гузоштаи Бонк дар самтҳои афзалиятнок имкон дод, ки дар соли ҳисоботӣ дар маҷмӯъ иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ тибқи нақшаи муайянкардашуда, таъмин гардад.

Сипас сардори идораи ҳисоббаробаркунӣ Камолзода Хурсандмурод низ перомуни фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Амонат» ба сухан баромада қайд намуданд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У. бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.

Дар рафти чорабинӣ ба як қатор кормандоне, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Дар идома сардори идораи банақшагирӣ ва музди меҳнати ДРОБ, раиси шурои занони Бонк Раҳимзода Шаҳло доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баромад намуда, зикр намуданд, ки Паёмҳои Пешвои муаззами миллати мо ҳамасола бо таҳлилҳои амиқи нишондиҳандаҳои муқоисавӣ, дарҷи дастовардҳо ва роҳнамоиву роҳкушоиҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаву ободкор бо як ҳисси баланди миллию ватандорӣ садо дода, барои ҳар як фарди соҳибватан боиси ифтихор аст, ки Роҳбари олии кишвари мо тамоми паҳлуҳои зиндагии мардуми шарифи кишварро бо таваҷҷуҳи доимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Паёми навбатиро Роҳбарияти Олии кишвар бо гиромидошти сулҳу дустӣ аз руйдодҳои таърихӣ оѓоз бахшида, қайд карданд, ки дар соли 2025 масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ҳали худро ёфтанд. Миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Эъломияи Хуҷанд доир ба хати сарҳадӣ ва дӯстии абадӣ ба имзо расонида шуд. Боиси қайд аст, ки тайи чанд соли охир зиёдшавии музди меҳнат, стипендияҳо ва нафақа яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар паёмҳои Роҳбари давлат мебошанд.

Дар паёми навбатӣ низ, бо таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, стипендияҳо ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 20 то 25% ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи на кам аз 15 фоиз зиёд карда шавад.

Боиси зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат бо ифтихор ва як ҷаҳон муҳаббати самимӣ иброз намуданд, ки «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.”

Бо итминон гуфта метавонем, ки мо кормандони Амонатбонк, аз ҷумла занону бонувон дар ҷавоб ба эътимоду боварии Роҳбари давлат ва ҳамзамон дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Паёми солона ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишвар масъулияти дучанд нишон дода, дар пешгирии омилҳои бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ саҳмгузорӣ менамоем.

Инчунин ба мардуми шарифи кишвар хизматрасониҳои босифату саривақтии бонкиро пешниҳод намуда, тавассути қарздиҳӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақш мегузорем.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк