Ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

06 декабри 2022

Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки ҳайяти Роҳбарият, кормандони Бонк ва мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Бурҳониддин ва Бекназарова Мавзуна ҷаласа баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсат мӯҳтарам Икромӣ С.С. атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки санаи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, имсол аз қабули қонуни мазкур 15 сол пур гардид.

Иброз гардид, ки мақсади асосии Қонуни мазкур ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани суннатҳои халқи тоҷик, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Сипас мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Бурҳониддин ва Бекназарова Мавзуна бо маъруза баромад намуда, қайд карданд, ки таҷрибаи 15 солаи амали Қонун нишон дод, ки он дар самти ба низому тартиб даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузошт.

Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Вазъи кунунии сиёсӣ ва буҳронҳои шадиди иқтисодии даҳсолаи охир, тағйирёбии иқлим, ба мушкилоти ғизо рӯбарӯ омадани кишварҳои бештари дунё бори дигар ҳушдор менамояд, ки дар баробари давлату ҳукумат худи аҳолӣ, ҳар як оила ҳам барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани раванди рӯзгор тадбирҳо андешанд.

Дар идома оид ба қабули “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” сухан рафта, иброз шуд ки бо мақсади муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, №1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” тасдиқ шудааст.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар яки моро мебояд талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қатъиян риоя намуда, ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳем, зеро ҳадафи Қонуни мазкур дар баробари ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон нигаронида шудааст.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк