Ҷаласа оиди фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021

28 июл 2021

Санаи 27-уми июли солӣ ҷорӣ дар бинои асосии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҷаласа доир ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо иштироки Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Эраҷ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” -и БДА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С. суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.

Кормандони Амонатбонк, ки қисми фаъоли онҳоро аъзоёни ҳизб ташкил медиҳанд, дар шаш моҳи ҳисоботӣ чун ҳарвакта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва фарҳанги баланди маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” илова ба хизматрасонии босамару сифатноки бонкӣ дар ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки фаъолонаи аъзоёни ташкилоти ибтидои ҳизбии “Амонат” ва бо даъвати адибону зиёиён чорабиниҳои зиёди хотирмон, аз ҷумла оид ба омўзиши Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Рўзи Модар, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи пойтахт ва Рўзи ҷавонон   баргузор гардид.

Дар раванди тарғиби тарзи ҳаёти солим аъзоёни ҳизб дар як қатор чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозони Бонк дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рўзи пойтахт” байни вазорату идораҳо доир гардид, фаъолона иштирок карда ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Амонатбонк наздики 3 ҳазор кормандон фаъолият доранд, ки 1500 нафар ва ё   50%-и шумораи умумии онҳоро ҷавонон ташкил мекунанд.

Дар Бонк Шӯроҳои занону ҷавонон фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии таъсиси онҳо ин татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Амонатбонк барои истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки асоси тамоми дастоварду пешравиҳо арзёбӣ мегардад, корҳои зиёди ободониву   созандагиро   ба   нақша гирифта, онро саривакт иҷро намуда истодааст.

Дар иртибот ба ин, баҳри саҳм гузоштан дар ободонии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе – пойтахти кишвар, Бонк мунтазам шанбегиҳо баргузор менамояд, ки дар он тамоми кормандон дастаҷамъона иштирок менамоянд.

Ҳамзамон, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Бо мақсади амалӣ намудани ин иқдом зиёда аз 600 бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуд, ки шаҳри сарсабзи моро боз ҳам зеботар намуд.        

Дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа яке аз ҳадафҳои мухими Бонк ба ҳисоб рафта, пайваста дар арафаи ҷашну маросимҳо ба шаҳрвандони ниёзманд дар доираи имкониятҳои мавчуда кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.

Боиси қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину маҳзаб ҳимоя мекунад ва суннатҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро қатъият маҳкум намуда, худшииносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҷабзода Эраҷ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон зимни суханронии хеш фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро назаррас арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу суббот ва осоиштагии мамлакат бараъло эҳсос мегардад. Дастгирии табақаи эҳтиёҷманд, саҳм гузоштан дар ободу зебо намудани як гӯшаи диёр ва пайваста дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ иштирок намудани аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” хуб арзёбӣ гардид.

Дар охири ҷаласа бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк