Ҷаласаи гурўҳи кории доимоамалкунанда оид ба методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият.

02 август 2023

Таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Ризвонзода Ф.З., ва иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинзода Қиёмуддин ва кормандони Бонк ҷаласаи гурўҳи кории доимоамалкунанда оид ба методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Рўзномаи ҷаласаи мазкур ба тартиби гузаронидани таҳлили фаъолият ва баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бахшида шуда, дар бораи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди таҳлили хавфҳои коррупсия дар Бонк, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинзода Қиёмуддин баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки мақсади таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ин ошкор намудани омилҳое мебошад, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ва ё метавонанд мусоидат кунанд инчунин оид ба бартараф ё паст намудани натиҷаҳои таъсироти онҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки таҳлили фаъолият аз се давра иборат буда, таҳлили шароити пешакӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта, баҳодиҳӣ ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номатлубро дар бар мегирад.

Дар рафти ҷаласаи мазкур аъзоёни гурўҳи корӣ низ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ин масъала иброз намуда, аз ҷониби онҳо як қатор таклифу пешниҳодҳо карда шуд.Бо ҳамин ҷаласаи якуми гурўҳи кории доимоамалкунанда анҷом ёфт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк