Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”

26 июн 2024

 Дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У., мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Аминзода М. ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ҳисобот дода, зикр намуданд, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.

Аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар давраи ҳисоботӣ чун ҳарвақта бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маънавӣ саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявӣ ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

         Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” дар раванди тарѓиби тарзи ҳаёти солим низ хеле фаъол буда, дар чорабинињои гуногуни варзишӣ дар сатҳи љумњуриявї ва шањриву ноњиявї иштирок менамоянд. Аз љумла, иштироки њамњизбиён дар дави миллї, дар машќњои пагоњирўзї, илова бар ин ширкати дастаи занонаи волейболбозон ва дастаи футболбозон дар мусобиќањои варзишии ноњиявї ва љумњуриявї боиси сарфарозї аст.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода У. ва мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Аминзода М. ба сухан баромада, бо қаноатмандӣ аз фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.

Гуфта шуд, ки ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу суббот ва Истиқлолияти комили давлат намуда, бо пайравӣ аз сиёсати сулҳҷуёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар мубориза баранд.

Дар анҷом бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” муовини Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Исмоилова Шаҳноза ба ин мақом интихоб гардида, ба як қатор кормандоне, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк