Ҷаласаи тантанавӣ бахшида бахшида ба 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ

06 декабр 2024

Санаи 06-уми декабри соли ҷорӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати Бонк ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” Салимзода А.А., муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова У.С., собиқ муовини Раиси ҲХДТ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сафаров С.С., инчунин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” аз ҳисоби кормандони Бонк ширкат варзиданд.

Нахуст Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода А.А. ҳозиринро бо санаи фархунда, 30-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ – сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар марҳилаи басо душвор ташкил гардида, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар пазирифта шуда, нуфуз ва эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст.

Қайд гардид, ки дар Бонк Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” мавҷуд буда, аъзоёни он бо фаъолияти пурсамари худ, фазилатҳои баланди сиёсї, сифатҳои наҷиби ахлоқї ва фарҳанги баланди маънавї саҳми босазои худро баҳри беҳбудии ҷомеа равона карда, ба натиҷаҳои боз ҳам хуби молиявї ноил гаштанд ва дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Сипас Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова У.С., собиқ муовини Раиси ҲХДТ Сафаров С.С. ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом дод. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кард. Маҳз хислати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдгарона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ҳизби моро дар миёни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб дар вазъияти тантанавӣ ба Ташкилоти ибтидоии “Амонат”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” барои фаъолият ва дастовардҳои назаррас ҷиҳати иштирок дар озмуни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин кумитаи иҷроияи ибтидоӣ” дипломи дараҷаи 3 тақдим карда шуд.

Дар фарҷом ба як қатор аъзоёни нави Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.


Whatsapp Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк