Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амонатбонк
Санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар доираи ҳамоиши тананавӣ ва бо мақсади гиромидошти ин санаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршарафи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ташаккули ҷомеаи муттаҳиду созанда намоиши асарҳо ва аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар ин намоиш аксҳои нодиру таърихӣ, ки марҳилаҳои гуногуни фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, гирд оварда шудаанд.
Мақсади асосии намошгоҳ, пеш аз ҳама, ҳифзи хотираи таърихӣ, муаррифии саҳифаҳои муҳими давлатдорӣ ва фароҳам овардани имконият барои шиносоии кормандон, меҳмонон ва шарикони Бонк бо таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат буд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ бо иштироки раиси раёсати Бонк Салимзода А.А., муовини якуми раиси раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони раиси раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк, аҳли кормандон ва директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Нахуст роҳбарияти Бонк ҳозиринро бо санаҳои воқеан таърихӣ ва арзишманд, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуданд, ки таҷлили Рӯзи Президент – ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд.
Гуфта шуд, ки дар тақвими таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, 16 ноябр ҳамчун санаи дорои аҳаммияти бузурги сиёсиву давлатдорӣ мақоми махсус дорад. Ин сана моро ба ду рӯйдоди сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад.
Ин рӯйдодҳои таърихӣ дар сарнавишти миллати тоҷик ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мақому ҷойгоҳи махсус дошта, моро ба дарки арзиши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан раҳнамун месозанд.
Воқеан агар Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар замина гузошта бошад, пас рушди минбаъдаи давлатдорӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ, бевосита аз фаъолияти босамар ва ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии мустақим дорад.
Дар идома директори нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода ба сухан баромада, қайд карданд, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз ва марҳилаи муҳими ташаккули низоми давлатдории миллӣ мақоми хосса дорад. Қарорҳои таърихии ин иҷлосия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи якпорчагии кишвар заминаи муҳим гузошта, ин дастоварди бузург маҳз ба шарофати хиради азалӣ ва кӯшишу талошҳои пайвастаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, муяссар гардидааст.
Аъзои шурои ҷавонони Бонк Қосимова Ҳангома низ муҳимият ва арзиши таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, қайд намуданд, ки ин сана барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун рӯзи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ, рӯзи саодату озодандешӣ, рӯзи эҳёи дубораи миллату давлатдорӣ азму маром ва гузоштани қадамҳои устувор ба хотири рушду ободонии Ватани маҳбубамон маҳсуб меёбад.
Ҳамоиш бо садо додани суруди ватандӯстона дар фазои фараҳбахшу тантанавӣ ва бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷамъбаст гардид.













