Ба истифода додани майдончаи варзишӣ аз ҷониби “Амонатбонк”

06 июл 2024

Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба чашм мерасад.

Бунёд гардидани теъдоди зиёди иншооти муҳими варзишӣ ва бозии кӯдакону наврасон ва ҷавонон шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қишри ояндасози кишвар буда, ин иқдом ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш заминаҳои устуворро фароҳам оварда, дар ташаккули љисмонию маънавии насли наврас низ нақши назаррас мегузорад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” дар баробари анҷом додани фаъолияти соҳавии хеш, дар ободу зебо намудани як гӯшаи диёр низ алалхусус сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ бо тамоми шароити муосир, саҳми худро мегузорад.

Бонк ҷараёни сохта ба истифода додани майдончаҳои варзиширо ҳануз аз соли 2013-ум оғоз намуда, то ба имрӯз аз ҷониби “Амонатбонк” 5 адад майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе сохта ба истифода шудааст.

Боиси зикр аст, ки майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Бонк мунтазам мавриди тармиму таҷдид низ қарор дода мешаванд.

Чунончӣ санаи 06-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти “Амонатбонк” ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир баъди тармиму таҷдид, дубора мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар майдончаи варзишӣ корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, масоҳати умумии қитъаи замини он 3500 м2 ва масоҳати умумии сохтмон 2084 м2-ро ташкил менамояд.

Майдончаи мазкур бо нишастгоҳ барои 500 нафар таъмин буда, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин барои бозиҳои футбол дар масоҳати 840 м2, варзиши сабук (давидан) дар масоҳати 470 м2 ва волейбол пешбинӣ гардидааст.

Бо бунёди ин ва дигар иншооти варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе дар баробари фароҳам омадани шароити арзандаи истироҳату фароғати сокинон, тамрину ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон ва бозию дилхўшии кўдакон гўшаҳои гуногуни   пойтахт ободу зебо   мегарданд, ки   ин аз ҳадафҳои   созандаи    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба шумор меравад.



Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк