Ҷаласаи кории Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд

07 июн 2021

Санаи 5-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мӯҳтарам Икромӣ С.С., муовини Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” дар оғози ҷаласа суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти филиалҳо ва МХБ-ҳои вилояти Суғд фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Таваҷҷуҳи хосса ба сатҳу сифати хизматрасонии филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки ҳар як корманди Бонк бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои худро иҷро намояд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки яке аз воситаи хуби назорати амалиётҳои кортӣ аз ҷониби худи дорандагони корт, ин пайваст гардидани мизоҷон ба СМС паёмак мебошад. Аз ин рӯ барои бархӯрдор будани мизоҷони Бонк алалхусус нафақахӯрон аз ин хизматрасонӣ кормандони Бонкро мебояд вобаста ба ин масъала таваҷҷуҳи худро равона намоянд.

Сардори Идораи танзим ва назорати Марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷурабек низ дар ҷаласа баромад намуда қайд карданд, ки ба ҳолати имрӯза 18 филиал ва 142 адад марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” бо шумораи зиёда аз 200 нафар кормандон дар вилояти Суғд ба мардуми ин вилоят хизматрасонии босифат ва зарурии бонкиро пешниҳод менамоянд.

Ҳамзамон тамоми марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо таҷҳизотҳои техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд аз ҷумла компютер ва пост терминлаҳо. Дар 14 МХБ-ҳо бошад хизматрасонӣ дар самти мубодилаи асъор ба роҳ монда шуда дар назди 10 МХБ банкоматҳо насб гардидааст.

Аз 142 МХБ-ҳои дар виляти Суғд фаъолиятдошта 55 адади он ба шафати шоҳроҳҳо, ҷойҳои сераҳолӣ кӯчонида шуданд.

Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд шумораи МХБ-ҳои ташкилотҳои қарзӣ дар низоми бонкӣ 506 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 142 адад ё 28%-ро МХБ-ҳои Амонатбонк ташкил медиҳад.

Дар рафти ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Дар охири ҷаласа се маркази хизматрасонии бонкии вилояти Суғд барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасониҳои бонкӣ бо Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк